Филми ҳуҷҷатии “ШӯрН2О”, ки аз ҳаёти пурмашаққати мардуми шаҳраки Шӯроб қисса мекунад, бори нахуст ба намоиш гузошта мешавад.

Нахустнамоиши филми мазкур дар таҳияи коргардонҳо Дилошӯб Орифзода ва Далери Имомалӣ санаи 12-уми ноябри соли равон, соати 16:00 дар толори синамои “Зебунисо” дар назар аст.

Далери Имомалӣ, муаллифи идея ва коргардони филми мазкур дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” иброз намуд, ки филм аз ҳаёти рӯзмарраи сокинони шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара қисса мекунад. Мушкилии асосие, ки мардуми ин шаҳрак доранд, норасоии об мебошад.

“Сафари тасодуфии мо барои тамошои ин шаҳрак ва интихоби макон барои сабти филмҳои ҳунарӣ моро бо мушкилии ин шаҳрак ошно кард. Интизор будем, ки маблағ пайдо шаваду филми мустанаде ба навор гирем. Дар доираи лоиҳаи “USAID” ва “Internews”, ки сарпарастии моро ба ӯҳда гирифтанд, ин филмро сабт кардем”.

Далери Имомалӣ интизор аст, ки дӯстон, рӯзноманигорон ва алоқамандони филмҳои мустанад дар рӯзи нахустнамоиши филм ба тамошои он биоянд ва назару андешаҳои худро оиди филм баён созанд. Ӯ дар оянда боз нияти сабти филмҳои дигарро дорад.

“Нақшаҳои баъдӣ боз ҳам таҳия ва тадвини филмҳои навбатӣ мебошад. Ману Дилошӯб рӯи даст филмнома ва наворҳои тайёре дорем, ки бояд танзим ва тадвин шаванд”.

Шаҳраки Шӯроб 9 км дуртар аз маркази шаҳри Исфара ҷойгир аст. То соли 2002 ин шаҳрак 3673 нафар аҳолӣ дошт. Аз соли 1882 дар кони ангишти “Шӯроб” ба коркарди ангишт шурӯъ кардаанд. Шӯроб ҳамчун шаҳрак соли 1963 ба ҳайати шаҳри Исфара дохил карда шудааст.

Далери Имомалӣ аз зумраи ҷавонҳои муваффақест, ки дар ҷодаи интихобнамудааш ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Чанде қабл филми мустанади “Умар-ако”-яш дар II-юмин Ҷашнвораи телевизионии филмҳои мустанад “Симо” ҷоизаи “Беҳтарин бозёфт” ва дар I-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад “Дидор” ҷоизаи махсуси ба номи мустанадсоз Маҳмадқул Арабовро соҳиб шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here