Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии “Сиёма” тасмим гирифтааст, ки дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ консерти тантанавии идона барпо намояд.

Баргузории барномаи консертӣ санаи 9-уми сентябри соли равон, соати 18:00 дар майдони назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар назар аст.

Бобоҷонов Мақсудҷон, намояндаи корхонаи “Сиёма” дар вилояти Суғд баргузории чорабиниро дар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida” тасдиқ намуд.

“Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки бо як барномаи идона мардуми Хуҷандро бахшида ба ҷашни Истиқлолият табрик намояд ва дар баробари ин маҳсулоти корхонаро муаррифӣ кунад”.

Ҳамчунин, номбурда афзуд, ки дар ояндаи наздик баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва муаррифии маҳсулоти корхонаи навбунёд дар дигар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Санъаткорони шинохтаи вилояти Суғд Анвар Ахмедов, Ҷамшед Исмоилов, Рустам Азимӣ, Ҳасан Камол, Нозими Юсуфзод, Дилрабо Қурбонова, гурӯҳи ҳаҷвии “Территория Юмора” ва дигарон хотири ҷамъомадагонро шод мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 27-уми августи соли ҷорӣ Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии “Сиёма”-ро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here