Ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ, Силвестр Сталлоне ҳамроҳ бо ҳамсараш Ҷеннифер Флавин ва духтари калонияш София дар Фестивали байналмилалии филмҳои Канн иштирок намуд.

Имсол дар Фестивали мазкур филми ҷангии “Рэсбо 5”, ки Силвестри 72-сола дар он нақши асосиро иҷро кардааст, ба намоиш гузошта шуд.

Баробари ба роҳрави сурхи Фестивал қадам мондани Силвестр ва ҳамсару духтараш, диққати ҳамагонро Софияи соҳибҷамол ба худ ҷалб карда тавонист. София ҳамагӣ 22 сол дорад ва қадамҳои худро дар шоу-бизнес чанд сол қабл гузошта буд.

Ҷеннифер Флавин, ҳамсари 50-солаи Силвестр дар солҳои 90-уми асри гузашта, аз зумраи беҳтарин моделҳо буд. Имрӯз София ба модари худ бештар тақлид мекунад ва пешаи ӯро интихоб карданист.

Сталлоне ва Ҷеннифер соҳиби се духтар, Софияи 22-сола, Систини 20-сола ва Скарлетти 16-сола мебошанд. Ҷеннифер аз шавҳараш 22 сол хурд бошад ҳам, худро хеле хушбахт эҳсос мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here