Сарояндаи ҷавон, вале муваффақи тоҷик Ситораи Кароматулло чанд моҳ пас модар мешавад.

Дар бораи ин ва дигар навгониҳои ҳаёташ ӯ бо рӯзноманигори сомонаи “Тajikistantimes” сӯҳбат анҷом додааст.

Ман айни замон дар моҳи 5-уми ҳомиладорӣ қарор дорам. Худо хоҳад, пас аз чаҳор моҳ модар мешавам. Инчунин, соҳиби автомобили тамғаи “Мерседес С класс” ва манзили истиқоматии шахсӣ аз маркази шаҳр гардидам”, – гуфтааст овозхон дар мусоҳибааш.

Овозхон сабаби чанд муддат кампайдо буданашро чунин шарҳ додааст:

Ман ба Амрико сафар карда, дар 27 иёлоти калонтарини ин давлати абарқудрат консерт барпо намудам. Санъати тоҷикро дар Амрико хеле хуш пазируфтанд, чунки он ҷо форсизабонҳо зиёданд.

Инчунин, Ситора дар рафти сӯҳбат қайд намудааст, ки як моҳ пас дар шаҳри Маскав барои муҳоҷирони меҳнатӣ барномаи консертӣ баргузор хоҳад кард.

Маврид ба ёдоварист, ки овозхон 14-уми октябри соли 2017 ба шавҳар баромада, маросими издивоҷаш дар деҳаи Дуобаи ноҳияи Варзоб, дар ҳавлии падараш Кароматулло Раҳимов баргузор гардида буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here