Имрӯз аз марги София Тӯйбоева, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик 23 сол пур шуд ва агар умр вафо мекард, ӯ ба синни мубораки 106-солагӣ мерасид.

Тӯйбоева София Эрҷоновна 13-уми январи соли 1913 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст, аммо бархе аз сарчашмаҳо ӯро зодаи шаҳри Қазалии Ҷумҳурии Қазоқистон навиштаанд. Санаи 25-уми октябри соли 1996 дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.

Ҳамагӣ се сол (1929-1931) дар Театри ӯзбекии академӣ-драмавии ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзии шаҳри Тошканд ва 60 соли дигар (1931-1991) дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе ба ҳайси ҳунарпеша фаъолият кардааст.

Намоишномаҳои театрии “Ду коммунист” (1931), “Мубориза” (1933), “Тӯфон” (1958) ва “Ҳукми модар” (1962) ва филмҳои “Ман бо духтаре вохӯрдам” (1957), “Қисмати шоир” (1959), “Вақти зангирии писар расид” (1959), “Зери хокистар” (1967) ва “Тӯфон дар водӣ” (1972) намунае аз корҳои эҷодии София Тӯйбоева мебошанд.

Дорандаи унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1941), се ордени “Байроқи Сурхи меҳнат” (1941, 1949, 1957), ордени “Ленин” (1954) ва узви Иттифоқи синамогарони Иттиҳоди Шӯравӣ (1958) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки София Тӯйбоева аввалин ҳунарпешаи синамои тоҷик мебошад, ки соли 1934 дар филми “Муҳоҷир”-и Комил Ёрматов нақши асосии занонаро иҷро карда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here