Студияи “Союзмультфильм” барои идома додани силсилафилми тасвирии “Ҳоло, ист!” (“Ну, погоди!”) омода нест. Дар ин хусус сомонаи “РИА Новости” субҳи имрӯз иттилоъ додааст.

“Барои мо офаридани нақши нави гург ба таври замонавӣ бисёр мушкил аст. Интихоби нодурусти мо метавонад, ки филми тасвириро номуваффақ созад. Пешниҳодҳо оиди идомаи  филмҳои тасвирии классикӣ хеле зиёданд”,-мегӯяд Сергей Капков, сармуҳаррири студияи “Союзмультфильм”.

Соли 2019 аз замони ба экран баромадани якчанд филмҳои тасвирии машҳури русӣ 50 сол пур мешавад. Имсол филмҳои тасвирии “Ҳоло, ист!” (“Ну, погоди!”), “Тимсоҳ Гена” (“Крокодил Гена”), “Навозандагони заҳматкаш” (“Бременские музыканты”), “Винни Пух” (“Винни Пух”) ва “Донояк” (“Умка”) 50 солагии худро ҷашн мегиранд.

“Ман фикр мекунам, ки қаҳрамонҳои нав офарид ва ҳамеша ба пеш ҳаракат кард. Дар айни ҳол ҳастанд қаҳрамонҳое, ки имрӯз ҳам метавон бо онҳо кор кард. Аз ин рӯ ба намуди муосир баргардонидани онҳо шарт нест, зеро бо намуди аслии онҳо кор кардан имкон дорад”,-қайд кардааст Капков.

Инчунин, ӯ мегӯяд, ки дар мавриди замонавӣ кардани нақши гург ва харгӯш шубҳа дорад. Зеро гург бо сатангиву муфтхӯрияш қаҳрамони намоёни замони худ буд, ки ҳодисаҳои солҳои 1960-1970-ро инъикос мекард. Саволе ба миён меояд, ки гург имрӯз кӣ шуда метавонад: сарватманд ё мансабдор?

Ба навор гирифтани силсилафилми тасвирии “Ҳоло, ист!” (“Ну, погоди!”) дар ҳоле ба миён омад, ки масъулин барои ба навор гирифтани филми тасвирии “Хурдтараконро наранҷонед, ки худ ба ҳолати хандаовар меафтед” вазифадор шуда буданд. Коргардонии филми тасвирии мазкурро Вячеслав Котеночкин ба ӯҳда дошт.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here