Шабнами Сурайё сарояндаи муваффақ ва саршиноси тоҷик аз мухлисонаш мехоҳад барои интихоби акс ба албоми ҷадидаш кӯмакаш намоянд.

“Шоматон чӣ гуна мегузарад? Умедворам, мисли шоми ман хеле зебо мегузарад. Барои интихоби акс ба албоми ҷадиди ман овоз медиҳем, 1,2,3. Мехоҳам ҳар яки Шумо эҳсосоти қалби худро барои интихоби акс ба албоми нави ман иброз намоед. Шабнами Сурайёи Шумо”-навиштааст сароянда дар инстаграми худ.

Сароянда айни ҳол дар Маскав қарор дорад. Аз рӯйи навишт ва акси гузоштааш ба Маскав барои аксбардорӣ ба албоми ҷадиди худ рафтааст.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш, Шабнам дар бораи сабти намоҳанги ҷадиди худ хабар дода буд. Суруд “Мазмуни худро дар чашмам диди” ном дорад.

Қарор аст, Шабнам ба мухлисони худ албоми ҷадидашро рӯзҳои наздик пешниҳод наиояд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here