Наворбардории филми мазҳакавии студияи филмофарии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов  бо иштироки Сергей Уст, ҳунарманди рус ба анҷом расид.

Филми “Саргузашти Алишер” нахустин филми мазҳакавии “Суғдсинамо” буда, дар ин баробар аввалин кори муштараки студияи мазкур бо ҳунарманди рус мебошад.

Наворбардории филм дар таҳияи коргардон Темур Султонӣ бо иштироки ҳунарманди рус ва беҳтарин ҳунармандони театру синамои тоҷик ба охир расида, ҳоло корҳои банду баст ва танзим идома дорад.

Гурӯҳи эҷодии “Суғдсинамо” бо нашри аксҳо аз рафти наворбардорӣ иттилоъ медиҳанд, ки дар чунин ҳавои гарм, ки ба 40-45 дараҷа баробар аст, дар деҳоти ноҳияи Ашт ва қисман дар водии Зарафшону Фарғона наворбардории филм бо муваффақият анҷом ёфт.

Тибқи иттилои қаблӣ, мақсад аз сабти филми мазкур дар баробари ба мардум бахшидани лаҳзаи фароғат, инчунин, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Муҳиддини Музаффар, директори студияи “Суғдсинамо” мегӯяд, ки ҳарчанд лоиҳаҳои онҳоро маблағгузорӣ намекунанд, лекин дар амал онҳо ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузоранд.

Сергей Уст, ҳунарманди Театри бадеӣ-драмавии Маскав ба номи Чехов, ки дар филм нақши асосиро бозидааст, мафтуни табиати Тоҷикистон гашта, мегӯяд дар пасманзари ин табиати нодир садҳо филми дигар ба навор гирифтан мумкин аст.

Филми “Саргузашти Алишер” тирамоҳи имсол ба экран хоҳад баромад ва тӯҳфаи гурӯҳи эҷодӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here