Ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакаи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари ҳунарӣ доранд.

Қарор аст, намоишномаи “Табиби паррон”-и театри мазкур дар доираи I-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ “Аbish Аlemi”, ки санаҳои 11-14-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ақтауи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, намоиш дода шавад.

Сӯҳроб Шехов, саркоргардони театри мазкур ва таҳиягари намоишномаи мазҳакавии “Табиби паррон” сафари ҳунарии аҳли театрро ба ҷашнвораи мазкур дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” тасдиқ кард.

“Аз чунин фестивалҳо ҳар як ҳунарманд болидахотир мегардад, зеро аз санъати театрии дигар кишварҳо бохабар шуда, ба худ ғизои маънавӣ мегирад. Ва ҳамзамон ин сафарҳо ба мо имкон медиҳад, ки санъати театрии кишвари худро ба дигарон нишон бидиҳем ва парчами Тоҷикистонро парафшон кунем”.

Ҳамчунин, Сӯҳроб Шехов афзуд, ки давоми соли ҷорӣ ин дувумин сафари ҳунарии ҳунармандони театр ба чунин ҷашнвораҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Қаблан низ “Табиби паррон” дар Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз-2019”, ки дар шаҳри Қазони Русия баргузор гардида буд, иштирок дошт.

Намоишномаи “Табиби паррон” аз рӯи асари драманависи фаронсавӣ Жан-Батист Молер бо коркарди нависандаи ӯзбек Шароф Бошбеков дар таҳияи коргардони тоҷик Сӯҳроб Шехов ба саҳна гузошта шудааст ва нақшҳои асосиро дар он Диловар Султонов, Ҳакимҷон Ахмедов, Сурайё Хӯҷаева, Мирзоумар Мирзоаҳмадов, Дилшод Сайфиддинов, Файёз Бойматов ва дигарон иҷро кардаанд.

Дар I-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ “Аbish Аlemi” ҳунармандон бо намоишномаҳои театрии худ аз Эрон, Арманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Гурҷистон ва худи Қазоқистон иштирок хоҳанд кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here