Овозхони шинохтаи тоҷик Таҳмина Ниёзова рисолаи номзадии худро рӯзҳои наздик ҳимоя мекунад.

Тибқи иттилои сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, рӯзи ҳимояи унвонҷӯ Ниёзова Таҳмина Нурматовна 31-уми майи соли ҷорӣ, соати 13:30 дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муайян шудааст.

Овозхон рисолаи номзадияшро дар мавзӯи “Инъикоси масъалаҳои санъат дар ВАО-и русзабони Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, солҳои 1991-2011” дар кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралиев Абдусаттор бо забони русӣ иҷро кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Таҳмина Ниёзова хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мебошад. Маълум мешавад, ки Таҳмина ғайр аз овазохонӣ, ба корҳои илмиву унвонҷӯӣ низ машғул аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here