Қабл аз зӯҳри имрӯз Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ӯзбекистон Гулбаҳор Юлдошева дар шаҳри Тошканд даргузаштааст.

Ба иттилои сомонаи “Sputnik Ӯзбекистон”, ҳунарпеша аз бемории дил ранҷ мебурд ва сабаби маргаш низ беморияш будааст.

Гулбаҳор Юлдошева дар филмҳои ӯзбекии “Дидан мехоҳам”, “Сайёҳ”, “Занги бемаҳал”, “Модарандар”, “Афғон” ва ғайра нақшҳои асосиву дуюмдараҷаро бозидааст.

То рӯзи маргаш дар Театри миллии драмавии шаҳри Тошканд ба ҳайри ҳунарманд кор мекард ва барои наворбардории филми ҷадиди коргардон Дилмурод Масаидов “Боди Хуқанд” омодагӣ медидааст.

Субҳи имрӯз аз марги ҳунарманди машҳури ӯзбек Қундуз Миркаримова хабар дода будем ва дар давоми ду рӯз Ӯзбекистон ду ҳунарманди асили санъати худро аз даст дод, ки талафоти ниҳоят бузург аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here