Тарҷумони маъруфи Қуръони карим Имон Валерия Порохова дар пойтахти Русия шаҳри Маскав вафот кард.

Дар ин бора ходими шинохтаи мазҳабии Русия Али Вячеслав Полосин дар сафҳаи фейсбукии худ хабар медиҳад.

“Имон Валерия Порохова моро тарк кард… Ӯ на танҳо Қуръонро ба забони русӣ тарҷума кард, инчунин зебоии Қуръон ва Исломро ба оламиён нишон дод. Вай ба мо некиву инсондӯстиро, ки ҷамъиятамон фаромӯш карда буд, ба хотир овард”, – навиштааст Полосин.

Порохова соли 1975 бо як марди суриягӣ издивоҷ кард ва дар шаҳри Димишқи Сурия зиндагӣ ихтиёр кард. Он ҷо дини Исломро қабул кард ва ба худ номи Имонро интихоб намуд. Дар Сурия ӯ хост Қуръонро ба забони русӣ тарҷума намояд ва ниҳоят соли 1991 ин кори худро ба анҷом расонид.

Ҷанозаи Имон рӯзи 4-уми сентябр дар масҷиди марказии Маскав баргузор хоҳад шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here