Аз марги ҳунарпешаи машҳури ҳинд Шридеви зиёда аз як сол сипарӣ гашт, вале табибону ташхисгарон то ҳол бар он назаранд, ки марги ӯ ҳодисаи куштор буд.

Ин дар ҳолест, ки марги ҳунарпешаро моҳи феврали соли гузашта дар ҳаммоми яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Дубай ҳодисаи ногаҳонӣ арзёбӣ карда буданд.

Чанд рӯз қабл роҳбари ҳабсхонаи иёлоти Кералаи Ҳиндустон Ришираҷ Сингҳ барои ҳафтаномаи “Kerala Kaumudi” маводеро барои чоп пешниҳод карда, хабар додааст, ки дӯсти табибаш оиди марги Шридеви чанд далел пайдо кардааст.

“Акнун дӯсти ман, табиби ташхисгар Умадатан ба ман гуфт, ки марги нобаҳангоми Шридеви куштор аст, на ҳодисаи ногаҳонӣ”,-навиштааст Ришираҷ Сингҳ дар маводи худ.

Табибон иддао доранд, ки марги ҳунарпеша ҳодисаест, ки нақшааш қаблан тарҳрезӣ шудааст, вале наздикони Шридеви дар ин бора умуман сӯҳбат кардан ва коҳи кӯҳнаро бод додан намехоҳанд.

Бони Капур, коргардони синамо ва шавҳари Шридеви дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки ба ин таърихи аблаҳона равшанӣ андохтан намехоҳад.

Санаи 24-уми феврали соли 2018 ҳунарпеша Шридеви дар синни 54-солагӣ дар ҳаммоми яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Дубай дар об ғарқ шуда, нобаҳангом аз олам даргузашта буд.

Марги ӯро ба куштору ҳодисаи ногаҳонӣ ва зиёд нӯшидани нӯшокии спиртӣ рабт медиҳанд, вале аз рӯи гуфтаи наздикони ҳунарпеша ӯ нӯшокиҳои спиртӣ наменӯшидааст. Чӣ тавр як инсони баркамол дар ҳаммоми дохили хона дар об ғарқ мешавад?

Шридеви 13-уми августи соли 1963 дар иёлоти Тамилнади Ҳиндустон ба дунё омада, дар зиёда аз 80 филми ҳунарии истеҳсоли синамогарони ҳинд нақш офаридааст. 16 маротиба барои нақшҳои хотирмонаш ҷоизаҳоро дар номгӯи “Беҳтарин нақши занона” ба даст овардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here