Дар идораи сомонаи “Padida” сабти шеърҳо бахшида ба ёдбуди устодони зиндаёд, Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат идома дорад.

То кунун дар ин озмуни шеърхонӣ нафарони зиёд иштирок намуда, дӯстдорони шеър аз шаҳрҳои Федератсияи Русия ва давлати Исроил наворҳои шеъри худро ирсол намуданд.

Марафони шеър бо ибтикори сомонаи “Padida” ва як зумра ҷавонони фаъол ташкил гардида, аз санаи 16 то 20-уми майи соли ҷорӣ идома меёбад.

Барои иштирок дар Марафони шеър хоҳишмандонро лозим аст, ки аз эҷодиёти устод Лоиқ Шералӣ ё Мӯъмин Қаноат шеъреро ба навор гирифта, дар сиҳифаи Фейсбуки худ гузоранд ва хештеги #marafon_Qanoat_Loiq-ро пайванд бо сомонаи Padida.tj” ишора намоянд.

Ғолиб ҳамоне эълон мегардад, ки навораш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук тамошобини зиёд ва шарҳҳои ҷолибро соҳиб мешавад. Ба ғолиби Марафони шеър планшет ва ба дигар иштирокчиён китобҳои гуногуни бадеӣ тӯҳфа карда мешавад.

Агар шумо барои сабти шеър имкон надоред, пас ба идораи сомонаи “Padida” биёед ва худро сабт карда, дар Марафони шеър иштирок намоед ва соҳиби тӯҳфа шавед.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here