Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов санаи 5-уми декабр дӯстдорони театрро ба нахустнамоиши намоишномаи “Тарма” даъват менамояд.

Дар ин бора ҳунарпешаи театр Моҳпайкар Ёрова ба сомонаи “Padida” иттилоъ дод.

Намоиши мазкур аз рӯйи асари Тунҷер Ҷуҷеноғлу дар коргардонии корманди шоистаи фарҳанг, Лареати мукофоти давлатии Ӯзбекистон Олимҷон Салимов ба саҳна гузошта шудааст.

Нахустнамоиши он рӯзи 5- уми декабр соати 18:00 баргузор мегардад. Инчунин рӯзи 6 – уми декабр соати 18:00 ва рӯзи 7-уми декабр соати 14:00 низ ба саҳна гузошта мешавад.

Намоиш бо дастгирии шӯъбаи байналмилалии инстмтути “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Нақшҳоро ҳунармандони саршиноси тоҷик Тағоймурод Розиқов, Гулсара Абдуллоева, Ғолиб Саломов, Назирмади Мӯсо, Моҳпайкар Ёрова, Раҷабгул Қосимова ва дигарон офаридаанд.

Намоиш таҳти коргардонии Олимҷон Салимов аз Ӯзбекистон дар ҳоле ба саҳна гузошта мешавад, ки ҳунармандон ва мунаққидони театр аз набудани коргардонҳои ҳирфаи ва хуби театр дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here