Ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом рӯзҳои наздик бо намоишномаи ҷадид ба шаҳри Душанбе меоянд.

Санаи 17-уми ноябри соли ҷорӣ, соати 16:00 дар толори Театри давлатии тамошобини ҷавон “Аҳорун”-и шаҳри Душанбе ҳунармандони Театри Конибодом намоишномаи ҷадиди “Шоҳзодаи хурд”-ро намоиш медиҳанд.

Намоишномаи мазкур бо пешниҳоди мунаққиди ӯзбек Қамариддин Ортиқов дар таҳия ва коркарди коргардони ӯзбек Ҷамшед Валиев аз рӯи асари нависандаи франсуз Антуан де Сент-Экзюперӣ ба саҳна гузошта шудааст.

Фаррух Ваитов, ҳунарманди Театри Конибодом дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” иброз намуд, ки намоишнома бо забонҳои тоҷикию русӣ дар театрҳои Тоҷикистон ва оянда бо забонҳои ӯзбекию русӣ дар театрҳои Ӯзбекистон ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

“Намоишномаи ҷадид баъди бузург шудан ҳам нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои волои инсонӣ, аз ҷумла дида тавонистани зебоӣ дар ҳар як чизи оддӣ, расидан ба қадри ҳар чиз ё касе, ки дорӣ, эҳсоси масъулият нисбат ба ҳар нафаре, ки аҳдӣ кардаӣ, миёни миллионҳо гулҳои гулистон дар як дона гул дида тавонистани хушбахтӣ ва ба ҳамин монанд арзишҳоро ифода мекунад”,-илова намуд Фаррух Ваитов.

Дар намоишнома нақшофарии муштараки ду ҳунарманд аз Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ва ду ҳунарманди дигар аз Театр-студияи “Шамс ва Қамар”-и Ӯзбекистон дар назар аст.

Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом аз замони таъсисаш то имрӯз беҳтарин намоишномаҳоро ба саҳна гузоштааст, ки намоишномаи мазҳакавии “Қорӣ-Ишкамба” дар таҳияи коргардон Муҳиддини Музаффар намунае аз он мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here