Шоми имрӯз, 27-уми август, соати 18:00 дар толори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ кушодашавии мавсими 90-уми театрӣ баргузор мегардад.

Ҳунармандони театр ба мухлисон ва ҳаводорони худ дар оғози мавсими нави театрӣ намоишномаи “Фирдавсӣ”-ро ҳамчун армуғон пешниҳод менамоянд.

Нақшҳои марказиро дар намоиш ҳунармандони номии кишвар Қурбони Собир, Ортиқи Қодир, Абдукарим Машрабов ва дигар ҳунармандони маъруфи театр ва синамо иҷро менамоянд.

Султон Усмонов, коргардони тоҷик намоишномаи мазкурро аз рӯи романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода таҳия намудааст. Номбурда дар нахустнамоиш, ки шоми 10-уми апрели соли ҷорӣ баргузор гашт, чунин гуфта буд, имрӯз бояд ҳар як тоҷик ба қадри бузургон, санъату фарҳанг ва расму оин бирасад.

Тақдири Фирдавсӣ пас аз ҳазор соли маргаш ва романи Улуғзода баъди зиёда аз сӣ соли таълиф шуданаш рӯи саҳнаи театри тоҷик омад. Дар рӯзи нахустнамоиш театр аз тамошобин пур буд ва ин дар ҳолест, ки қаблан масъулин аз камтаваҷҷӯҳии мардум ба театр шикоят мекарданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here