Рэпсарои рус Тимати ва ҳамсари моделаш Анастасия Рашидова санаи 16-уми октябри соли равон соҳиби писарчаи дӯстрӯяк шуданд.

Расонаҳои маҳаллии рус иттилоъ медиҳанд, ки овозхон ба писараш Ратмир ном гузоштааст. Ратмир номи маъшуқаи собиқи Тимати мебошад, ки соли 2007 дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ вафот карда буд.

“Юнусов Ратмир Тимурович, 16.10.2019, шаҳри Маскав”,-Тимати бо чунин паём аз таваллуди писарчааш дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Модел ва дорандаи ҷоизаи “Зебосанами Русия-2014” Анастасия Рашидова, ки бо Тимати аз соли 2015 инҷониб зиндагии якҷоя доранд, ин хушхабарро дар саҳифаи Инстаграми худ нашр кардааст.

“Юнусов Ратмир Тимурович, хуш омадӣ ба ин дунё! Писараки деринтизори мо”.

Юнусов Тимур Илдарович, ки бо тахаллуси саҳнавии Тимати машҳур аст, аз издивоҷи нахустини худ бо номи Алиса духтарчаи 5-солае дорад. Ҳасари собиқи овозхон Алёна Шишкова низ модел ва дорандаи ҷоизаи “Зебосанами Русия-2012” мебошад.

Сабаби аз ҳамсари аввалааш ҷудо шудани овозхон номаълум боқӣ мондааст. Алисаи 5-сола ҳамроҳи падараш зиндагӣ мекунад ва Анастасия Рашидова акнун ӯҳдадор аст, ки ҳарду фарзанди худро тарбия кунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here