Анастасия Решетова, модел ва ҳамсари рэпсарои рус Тимати бо нашри аксҳои нав дар саҳифаи Инстаграмаш аз соҳиби фарзанд шуданашон хабар дод.

Қаблан Анастасия ва Тимати соҳиби фарзанд шуданашонро аз ҳама, хусусан аз расонаҳои хабарӣ пинҳон мекарданд, вале ин навбат худи онҳо аввалин шуда аксҳои навро нашр намуданд.

Тибқи иттилои як манбаъ, Анастасияи 23-сола дар моҳи панҷуми ҳомиладорӣ қарор дорад, вале дар бораи писар ё духтар будани тифл чизе гуфта нашудааст.

Оилаи ҷавон тӯли чор сол мешавад, ки ҳамроҳ зиндагӣ доранд ва тифли ба дунё меомада барои Анастасия нахустин ва барои Тимати дуввумин фарзанд ба ҳисоб меравад.

Хотиррасон мекунем, ки Тимати аз муносибат бо модел Алена Шишкова бо номи Алиса духтаре дорад, ки соли 2014 ба дунё омадааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here