Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба маъмурияти ширкати YouTube нома ирсол намуда, дархост кардааст, ки бе мувофиқа бо онҳо наворҳои блогерони тоҷикро нашр накунанд.

Масъулини муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” кӯшиш доранд, ки аз болои наворҳои блогерони тоҷик назорат баранд, зеро ба гуфтаи онҳо видеоҳои блогерони тоҷик мазмуни паст дошта, аз дидани он шарми кас меояд. Онҳо мегӯянд, ки зидди фаъолияти блогерҳо нестанд, вале аз мазмуну мӯҳтавои пасти бархе аз наворҳо нигаронанд.

“Мо мӯҳтавои видеоҳои онҳоро бояд бинем. Баъзан видеоҳои онҳоро тамошо карда, кас шарм медорад. Видеоҳое, ки аз ҷумҳуриҳои дигар дар Ютуб мегузоранд, мебинед ва роҳат мекунед. Аммо аз мо “колхоз шуда рафтааст”-иброз доштааст Носир Раҳмон, роҳбари муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳамчунин, Носир Раҳмон қайд намудааст, ки YouTube дар Тоҷикистон марказ надорад ва намояндагони YouTube-ро дар Русияву Қазоқистон пайдо намуда, ба онҳо нома ирсол намудааст, то дигар беиҷозат бархе аз наворҳои блогеронро нашр накунанд.

Иддае аз блогерон мегӯянд, ки сабту нашри навор шуғли дӯстдоштаи онҳост ва он чизеро нашр мекунанд, ки ба дили муштариёнашон наздик бошад. Ҳастанд блогероне, ки наворҳои нашркардаашон

Коршиносон бар он ақидаанд, ки зиёд шудани шумораи блогерҳо дар Тоҷикистон хеле хуб буда, зери назорат гирифтани онҳо аз тарафи “Тоҷикфилм” як навъ ҷорӣ намудани сензура аст.

Завқибек Шодиён, масъули Кумитаи андози Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки барои блогерҳо махсус қонуни андоз нест, вале онҳо низ бояд аз даромади худ андоз бисупоранд, зеро пинҳон намудани даромад ва сарпечӣ аз андоз ҷавобгарӣ дорад.

Саҳифае, ки дар YouTube беш аз ҳазор обуначӣ ва дар як соли охир тамошобинон видеоҳои ӯро на кам аз 4 ҳазор соат тамошо кардаанд, имкони даромад гирифтанро дорад. Айни замон маъмурияти YouTube барои ҳазор тамошо (просмотр) аз 20 то 50 сент медиҳанд, ки ин ба зиёд шудани шумораи блогерҳо боис гаштааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here