Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” нақша дорад, то охири соли ҷорӣ филми тасвирии “Алифбо”-ро ба навор гирад.

Дар ин бора сомонаи расмии “Тоҷикфилм” иттилоъ медиҳад.

“Шӯъбаи филмҳои аниматсионӣ тасмим гирифтааст, ки то охири соли ҷорӣ барои кудакони томактабӣ филми тасвирии пурраи “Алифбо” –ро  истеҳсол намояд. Филми мазкур баъд аз омодагӣ, тартиби ҷузъиёт ва сохтани персонажҳо дар марҳилаи сохтани аниматсия қарор дорад. Барои офаридани филми мазкур  беш аз 20 нафар мутахассиси варзида фаъолият дорад”,- омадааст, дар хабарнома.

Муаллифи филмномаи мазкур Умеда Раҳимова ва коргардон Фирдавс Насруллозода мебошанд.

Барои овоз ва дубляжи филми тасвирии “Алифбо” ҳунармандони театру синамо даъват карда мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here