Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо пахши як навори кӯтоҳ дар саҳифаи расмии худ дар YouTube, хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик дар толорҳои синамои кишвар филми ҷадиди “Рақси зиндагӣ” ба намоиш гузошта мешавад.

Филмро коргардон-зан Муҳаббат Сатторӣ ба навор гирифтааст.

Дар нақшҳои асосӣ ҳам ҳунармандони ҷавон ва ҳам соҳибтаҷрибаи театру синамо аз қабили Абдукарим Машрабов, Фарида Иброҳимова, Аловиддин Абдуллоев, Мастура Ортиқова, Моҳпайкар Ёрова ва дигарон нақш офаридаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here