Тоҷикистон бо “модари санъати театри тоҷик” видоъ гуфт

38

Ҳунарманди саршинос ва номдори санъати театри тоҷик Мушаррафа Қосимова рӯзи 1-уми апрели соли ҷорӣ дар синни 101-солагӣ дар шаҳри Душабе аз олам чашм пӯшид.

Маросими видоъ бо ин ҳунарманди нотакрор рӯзи 2-юми апрел, соати 12 баргузор шуд, ки дар он ҳунарпешагон, намояндагони Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва алоқамандони ҳунараш ҷамъ омаданд.

Нахуст Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба аҳли ҳунар ва оилаи марҳум тасаллияти Ҳукумати кишварро ироа дошт. Мавсуф дар зимн иброз дошт, ки «муаллимаи азиз, ҳарчанд ҷисман аз байни мо рафта бошанд ҳам, аммо ҳунару нақшҳои бешумори офаридаашон бо мо ҳастанд ва номи некашон ҷовидонист».

Инчунин, Ҳунарманди мардумӣ Носир Ҳасанов суханронӣ намуда, зикр намуд: “Вақте ҳарф дар бораи театру синамо меравад, бидуни номи Мушаррафа Қосимова наметавон онро ҳусни оғозу анҷом бахшид”.

Ҳунарманди дигари театру синамо Майрам Исоева дар сӯҳбат ба мо иброз дошт, ки «бо Мушаррафа Қосимова хотираҳои зиёд дорам. Мо бо ҳамроҳии он кас зиёда аз 60 сол якҷоя фаъолият намудем”.

Баъд аз нисфирӯзӣ, Мушаррафа Қосимоваро дар қабристони Сари-Осиё ба хок супориданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here