Даври дуюми озмуни зебоии “Miss Tourism World”, ки Тоҷикистонро Сабрина Зуҳурова намояндагӣ мекунад, дар Ҷумҳурии халқии Чин баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур, ки 20-уми август оғоз ёфта, то 10-уми октябри соли ҷорӣ идома мекунад, духтарон аз 90 кишвари олам иштирок менамоянд. Даври якум ва дуввуми озмун аллакай дар шаҳрҳои Пекин ва Шанхай ба анҷом расид.

Иштирокчиён дар даври аввали озмун маҳорату истеъдоди худро нишон доданд. Дар даври дуюм бошад, либосҳои миллиашонро муаррифӣ намуданд. Хушбахтона, Сабрина ду даврро сарбаландона паси сар намуда, ба даври сеюм роҳ ёфт.

“Дар даври аввал ман рақси помириро анҷом додам. Дар даври дуюм пироҳани дӯхтаи “Murod Fashon” ва Нафиса Имроноваро, ки хеле зебо аст, ба бар кардам. Ҳоло мо 60 нафар мондем. Хеле хурсандам, ки ба даври сеюм роҳ ёфтам ва боварӣ дорам, ки муваффақ мешавам”,-менависад хабаргузории “ASIA-Plus” аз қавли Сабрина Зуҳурова.

Сабрина тасодуфан ба ин озмун роҳ ёфт. Ташкилкунандагон ӯро дар Инстаграм дида, барояш даъватнома ирсол карданд ва ӯ розӣ шуд, ки аз номи Тоҷикистон баромад кунад. Даври ниҳоии озмун бо интихоби танҳо се нафар санаи 10-уми октябр ҷамъбаст мегардад.

Сабрина Зуҳурова 13-уми октябри соли 1995 ба дунё омадааст. Хатмкардаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Айни замон дар “Ориёнбонк” кор мекунад ва маҳз бонки мазкур барои иштироки Сабрина дар озмуни зебоӣ маблағгузорӣ кардааст.

Қаблан Сабрина дар озмуни “Miss Union 2019” дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон иштирок намуда, зинаи аввалро соҳиб шуда буд. Соли 2018 дар озмуни “Топ модель СНГ” ҷоизаи “Зебосанами мақбули тамошобин”-ро ба даст овардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here