Бори нахуст миёни Тоҷикистон ва Чин созишнома оиди санъати синамо ба имзо расид, ки тибқи он ҷонибҳо метавонанд филмҳои муштарак ба навор бигиранд.

Созишномаи муштарак миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба санъати синамо дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба имзо расид.

Созишнома аз 17 модда иборат буда, фарогири тамоми ҷанбаҳои марбут ба филмбардорӣ мебошад. Минбаъд тибқи ин созишнома синамогарони ду кишвар метавонанд, ки филмҳои муштарак ба навор бигиранд.

Ҳамчунин, оиди ба намоиш гузоштани филмҳо, ҳамкориҳои эҷодии синамогарони ҳарду давлат, ҳуқуқи муаллифӣ, даъвати ҳунармандон, ҷалби ҷониби сеюм барои таҳияи филм, иштироки филми муштарак дар синамобазмҳои ҷаҳонӣ, даъвати мутахассисони ҳарду ҷониб, филми тавлидшуда бо зернависи тоҷикӣ-чинӣ ва ё яке аз забонҳои хориҷӣ дар созишномаи мазкур дарҷ гардидааст.

Ҳамкорӣ миёни филмофарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин барои рушди синамои ҳарду давлат мусоид буда, мубодилаи фарҳангӣ ва иқтисодиро вусъат мебахшад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here