Оҳангсози маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ 13-уми марти соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Фарзанди оҳангсози шаҳири тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад.

Соли 1967 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва соли 1972 Консерваторияи давлатии Москавро хатм намудааст.

Фаъолият:

1974 – 1976 омӯзгор дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

1976-1980 – муҳаррири Киностудияи “Тоҷикфилм”

1982-1987 – муҳаррири мусиқии Телевизиони Тоҷикистон

1987 – дирижёри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

Ҷоизаҳо:

1966 – Ходими санъати Тоҷикистон

1972 – Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон

1978 – Дорандаи Ҷоизаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон

1994 – Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

1999 – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Аъзои Иттифоқи оҳансозон ва киноматаграфистони Русия

2012 – дорандаи медали тиллоии Иттифоқи оҳансозон ва киноматографистони Русия

Осори Толибхон Шаҳидӣ

Асарҳои саҳнавӣ

1975 — «Спитамен», балет. 1978 — «Марги судхӯр», балет. 1980 — «Рубоиёти Хайём», филм-балет. 1981 — «Хотираи дил», балет. 1987 — «Ҳифзкунандаи оташ», опера. 1989 — «Бинӣ-Котула», операи бачагона. 1989 — «Юсуф ва Зулайхо», балет. 1990 — «Халиф Лаклак», операи бачагона. 1992 — «Зани зебо ва ғул», операи бачагона. 1992 — «Сиёвуш», балет. 1999 — «Амир Исмоил», опера.

Асарҳои симфонӣ

1974 — «Празднество», симфоническая поэма. М., «Советский композитор», 1978.

«Таджики», симфония №2. По прочтении книги Б. Гафурова. М., «Советский композитор», 1988.

1975 — Консерти №1 барои фортепиано ва оркестр.

1975 — «Чарх», камерная симфония для 2 фортепиано и струнного оркестра. М., «Советский композитор», 1990.

1982 — Сюита из балета «Смерть ростовщика». М., «Советский композитор», 1982.

1984 — «Садо», симфоническая поэма. М., «Советский композитор», 1988.

1994 — Консерт № 3 для фортепиано и оркестра. М., «Советский композитор», 2002.

Асарҳои камеравӣ-созӣ

1981 — «Речитативы Руми», сюита для флейт и фортепиано. М., «Советский композитор», 1981.

1981 — Соната № 1 для фортепиано. М., «Советский композитор», 1981.

1981 — «Достони мусофиротӣ», силсилаасари вокалӣ барои сопрано ва фортепиано. Шеърҳои Хайём, Лоиқ ва халқ.

1985 — «Симфония-элегия» памяти З. Шахиди для струнного оркестра, арфы и литавр. М., «Советский композитор», 1985.

1985 — «Чарх», симфонияи камеравӣ барои оркестри торӣ ва 2 фортепиано.

1991 — Соната № 2 для фортепиано. 100-летию С.Прокофьева посвящается. М., «Композитор», 2006.

Маълумотҳо аз википедия ва махзанҳои интернетӣ гирифта шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here