Ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Том Круз ба шаҳри Киев парвоз кард ва бо Президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот намуд.

“Комсомольская правда” менависад, ки ҳадафи асосии сафари ҳунарманд ва дидору мулоқот бо президент дарёфти ҷои муносиб ва сабти якчанд лоиҳаи нав мебошад.

Ҳангоми сӯҳбат Зеленский ба Том Круз аз таҷрибаи худ дар соҳаи синамо ва қабули қонуни нав дар бораи дар Украина ба навор гирифтани филмҳои коргардонҳои хориҷӣ нақл кард.

Зеленский бар он бовар аст, ки қабули ин қонун сафи коргардонҳои хориҷиро барои сабти филмҳояшон дар ҳудуди Украина зиёд мегардонад.

Қаблан низ коргардон ва продюсери амрикоӣ Майкл Бэй ба шаҳри Киеви Украина сафар карда, барои сабти филмаш чандин маконҳои мувофиқро интихоб намуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here