Раққос ва ҳунарманди ҷавони бритонӣ Том Ҳолланд дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки “Одам-тортанак” (“Человек-паук”) эҳтимол ҳамҷинсгаро бошад.

Ҳолланд худ иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми “Одам-тортанак: Дур аз хона” (“Человек-паук: Вдали от дома”) мебошад ва аз он норозист, ки офарандагони филмҳои тасвирӣ ба филм гуногунрангии кам илова кардаанд.

Ҳунарманд иброз намудааст, ки эҳтимол “Одам-тортанак” ҳамҷинсгаро бошад ва дар ҳолати асоснок будани ин сухан, ӯ омода аст худро дар филм ҳамчун ҳамҷинсгаро муаррифӣ кунад.

Ҳамчунин, ҳунарманд афзудааст, ки дар бораи ояндаи филми “Одам-тортанак” чизе гуфта наметавонад, зеро ин аз ӯ вобастагӣ надорад.

Филми “Одам-тортанак: Дур аз хона” (“Человек-паук: Вдали от дома”) моҳи июни имсол ба экран баромад ва 23-юмин филми студияи “Marvel” буда, аз ҷиҳати даромад дар соли 2019 ҷои чорумро касб мекунад.

Студияи “Marvel” аз соли 2002 инҷониб ба наворбардории филми “Одам-тортанак” машғул аст ва то имрӯз 11 филмро дар бораи ин қаҳрамон дар шакли алоҳида сабт кардааст.

Том Ҳоллан 1-уми июни соли 1996 дар шаҳри Лондон ба дунё омада, дар панҷ филми истеҳсоли студияи “Marvel” нақши “Одам-тортанак”-ро бозидааст. Қаблан нақши ин қаҳрамонро ҳунарманди амрикоӣ Тоби Магуайр иҷро мекард.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here