Тарона ва намоҳанги тозаэҷоди ду овозхони шинохтаи кишвар, Қадами Қурбон ва Мино, ки мухлисон дер боз интизораш буданд, нашр шуд.

Суруди рекордӣ “Умираю” унвон гирифта, шоми 25-уми майи соли ҷорӣ дар канали “Peshsaf” дар шабакаи YouTube нашр гардид ва то имрӯз онро зиёда аз 700 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Матни суруди “Умираю” ба қалами шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев мутааллиқ буда, оҳанг ва банду басти онро Илҳом Муродов анҷом додааст ва вазифаи коргардониро Баҳриддини Сабур иҷро кардааст.

Намоҳанг дар ҳудуди шаҳри Душанбе рӯи навор омада, Қадам нақши ҷавони камбағал ва Мино нақши бойдухтарро бозидаанд, ки дар охир ҳарду ба висоли ҳам мерасанд. Ҳазлу шӯхиҳои Қадам ва ҳаракатҳои ғайриоддии Мино намоҳангро боз ҳам ҷолибтар кардааст.

“Умираю” дуюмин намоҳанги Қадами Қурбон мебошад, ки рекорд нишон медиҳад. Намоҳанги қаблии ӯ “Азизам”-ро то имрӯз қариб 2 миллион нафар тамошо кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here