Белла Рэмси, ҳунарпешаи бритониро аз тамошои силсилафилми худаш нақш офарида маҳрум кардаанд. Оҷонсии иттилоотии “InterMedia” дар ин бора хабар додааст.

Беллаи 15-соларо дар нақши Лианна Мормонт аз филми тахайюлии “Бозии тахтнишинҳо” (“Игра престолов”) мешиносанд, вале ӯ то ҳол ин филмро пурра тамошо накардааст.

Ҳунарманд дар сӯҳбат бо “Daily Star” гуфтааст, ки волидонаш бо сабаби ниҳоят даҳшатнок будани филм тамошояшро ба Белла манъ намудаанд.

“Ба фикрам ман ин филмро замоне пурра тамошо мекунам, ки ба синни 18-солагӣ бирасам”,-гуфтааст Белла.

Аз рӯи гуфтаи худи ҳунарманд, волидонаш тамошои якчанд саҳнаро аз мавсими ҳафтум ва қисми сеюмро аз мавсими ҳаштуми филм, ки дар он қаҳрамони асосӣ мемирад, мамнӯъ кардаанд.

“Ман фикр мекунам, ки ин марг марги олист. Агар дар “Бозии тахтнишинҳо” (“Игра престолов”) мемирӣ, пас ин хеле хуб аст”,-қайд кардааст Белла.

Силсилафилми телевизионии “Бозии тахтнишинҳо” (“Игра престолов”) тахайюлӣ буда, дар Амрико ба навор гирифта шудааст. Филм аз 8 мавсим ва 71 қисм иборат буда, аз рӯи асари нависандаи амрикоӣ Ҷорҷ Рэймонд Ричард Мартин “Суруди Ях ва Оташ” (“Песнь Льда и Огня”) рӯи навор омадааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here