Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ӯзбекистон Қундуз Миркаримова шоми рӯзи гузашта дар синни 94-солагӣ дар шаҳри Тошканд даргузаштааст, хабар медиҳад “Подробно.uz”.

Раққосаи машҳур, устоди рақс, педагог ва балейтмастер Қундуз Миркаримова 8-уми марти соли 1925 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст.

Соли 1941 Мактаби ҷумҳуриявии балети Ӯзбекистон ва соли 1951 Омӯзишгоҳи хореографии назди Театри калони шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Аз соли 1943 то соли 1988 дар Филармонияи давлатии Ӯзбекистон, Театри давлатии опера ва балет ба номи Алишер Навоӣ, Омӯзишгоҳи хореографии Ӯзбекистон, Театри мусиқии драмаи мазҳакаи шаҳри Янгиюл, Театри мусиқии драмаи мазҳакаи ба номи Муқимӣ, Ансамбли давлатии рақси миллии ӯзбек “Баҳор” ба номи Мукаррам Тургунбоева кору фаъолият кардааст.

Ба кишварҳои Фаронса, Ҷопон, Ҳиндустон, Миср, Покистон, Алҷазоир, Тунис, Марокко, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Малайзия, Судон, Венгрия ва Испания сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.

Аз соли 1966 Ҳунарманди халқии Ӯзбекистони Советӣ ва соли 1984 Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дорандаи ордени “Дӯстии халқҳо”, ордени “Дустлик” (1997) ва медали “Шӯҳрат”(1994) мебошад.

Гавҳар Аминова, Дилафрӯз Жабборова, Қизлархон Дӯстмуҳаммедова, Малика Ахмедова ва Зебо Аминзода, таъсисдиҳандаи ансамбли овозадори “Зебо”-и Тоҷикистон аз зумраи шогирдони мактаби Миркаримова мебошанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here