Имрӯз, 6-уми ноябри соли равон ҳунарманди театру синамо, драманавис, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев 71-солагии худро ҷашн гирифт.

Ба ин муносибат ҳунармандро дӯстону наздикон ва ҳамкасбон дар шабакаи Фейсбук самимона табрику шодбош намуда, ба ҳунарманд пеш аз ҳама умри дароз ва сиҳатмандӣ орзу кардаанд.

“Нурулло Абдуллоевро ба зумраи онҳое дохил кардан мумкин аст, ки интихоби касбашон пеш аз таваллудашон иттифоқ афтода. Актёри модарзод! Дар бораи саҳнаву нақшҳои офаридаашон медонем? Медонем! Танҳо бовар шудани “Беғараз панд” ба он кас, далели мақоми баланди ӯ дар байни ҳунармандонамонро дорад… Монологҳояшро бояд шунид! Илова ба ин, устод китобҳои хубе ҳам нашр кардаанд. Хулоса, аҷаб мардуми хушбахтем, ки ӯро дорем. Мавлуд хуҷаста бод, Худованд ба беҳтарин орзуҳотон расонад”,-навиштааст рӯзноманигор Раҷаб Мирзо.

Нурулло Абдуллоев беш аз ду даҳсола барандагии барномаи телевизионии “Беғараз панд”-ро ба ӯҳда дошт ва мардум ӯро бештар аз ҳамин барнома мешиносанд.

“Ба ақидаи банда аз рӯйи адолат бояд Нурулло Абдуллоевро дар қатори аввали драманависони ватанӣ гузошт. Агар бовар накунед, назар ба асарҳои эшон андозед. Боз ҳам зодрӯз хуҷаста бод, акаҷон”,-навиштааст ҳунарманди театру синамо Абдулмӯъмин Шарифӣ.

Нурулло Абдуллоев 6-уми ноябри соли 1948 дар деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Хатмкардаи шӯъбаи ҳунармандии Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1975) мебошад. Аз соли 1975 инҷониб дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳайси коргардон ва ҳунарманд фаъолият кардааст.

Дар намоишномаҳои театрии “Бадқасд”, “Зебунисо”, “Алломаи Адҳам ва дигарон”, “Марати бечораи ман”, “Ҳамлет”, “Раъно”, “Қиёми Лоҳутӣ”, “Вақте ки шаҳр хуфта буд”, “Шоҳ Эдип”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Драмаи миллат” нақшҳои хотирмон офаридааст. Ҳунарманд дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский низ як зумра нақшҳо бозидааст.

Нақшҳояш дар соҳаи синамо аз филмҳои “Тирпаронӣ дар ағба”, “Дом барои шағолон”, “Духтарони Суғдиён”, “Нахи нуқратоб”, “Марди роҳ”, “Тақвими интизорӣ”, “Зистан мехоҳад”, “Дар орзуи падар”, “Оғози умри ҷовид” ва “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба тамошобинон маълум мебошад. Дар филмҳои истеҳсоли Эрон ва ИДМ низ нақш офаридааст.

Муаллифи асарҳои калонҳаҷми драмавии “Кӯҳистонӣ”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Хонадомод”, “Куҷо равонаем?”, “Шикасти умед”, “Моҷарои сари пода” ва ғайра мебошад. Китобҳояш бо номҳои “Кӯргиреҳ” (2001) ва “21 танзи қарни 21” (2010) аз чоп баромадаанд. Асарҳояш на танҳо дар театрҳои ҷумҳурӣ, балки дар театрҳои шаҳрҳои Маскав, Налчик, Хабаровск ва Токио ба саҳна гузошта шудаанд.

Ҳунарманд аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дорандаи унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон (2005) ва ордени “Дӯстӣ” мебошад. Шумораи нақшҳояшро дар театр зиёда аз 150 адад ҳисобидаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here