Дирӯз, 5-уми августи соли ҷорӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, доиранавоз Ғуфронҷон Раҳимбоев дар синни 70-солагӣ даргузашт.

Маросими видоъ бо ҳунарманд, ки то охири умр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъолият кардааст, дар театри мазкур бо иштироки пайвандону ҳамкасбон баргузор гардид.

Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов низ дар маросими видоъ ширкат варзида, аз даст додани чунин шахсиятҳоро талафоти бузург дар соҳаи санъату фарҳанг номид ва шоҳбайти “Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон”-и устод Рӯдакиро ба ёд овард.

“Ман санъати Ғуфронҷонро дӯст медоштам. Он кас обрӯи доира ва доира обрӯи он касро баланд бардошта тавонист. Дар ҳақиқат фидоӣ буданд. Гузаштанашон барои санъат боз як талафоти калон аст”,-мегӯяд устод Ҷӯрабек Муродов.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев ва дигар дӯстону ҳамкасбони марҳум аз шаҳри Душанбе дар маросими видоъ бо ҳунарманд иштирок доштанд.

Ғуфронҷон Раҳимбоев 27-уми майи соли 1949 ба дунё омада, соли 2007 барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи санъату фарҳанг унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро сазовор гардидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here