Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, Яйра Абдуллоева шоми 14-уми майи соли ҷорӣ дар синни 89-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад сомонаи “Sputnik Узбекистан” бо такя ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Дар бораи сабаби марг ва макону замони дафни ҳунарпеша маълумоти мушаххас дода нашудааст.

Яйра Абдуллоева 14-уми августи соли 1930 дар шаҳри Тошканд ба дунё омада, то дами марг дар Театри миллӣ-драмавии Ӯзбекистон кору фаъолият карда, дар филмҳои зиёде низ нақш офаридааст.

Соли 1964 унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии ҶШСӮ”-ро соҳиб гардида, соли 2011 ба гирифтани ордени “Эл-юрт ҳурматӣ” мушарраф гардидааст. Инчунин, дорандаи мукофоти фахрӣ барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанг ва санъати ӯзбек мебошад.

Иҷрокунандаи нақшҳои асосӣ дар филмҳои “Зумрад ва Қиммат”, “Чароғ ва соя”, “Ҷодугар”, “Дар варзишгоҳ вомехӯрем”, “Роҳи оташин”, “О, Марям, Марям” ва ғайра мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here