Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, шоири саршиноси кишвар Толиб Карими Озарахшро бо унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон” қадрдонӣ кард.  

Санаи 29-уми августи соли ҷорӣ, дар Қасри миллат сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 160 нафар кормандони илму фарҳанг, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ ва соҳаҳои касбу кори гуногун бо мукофоти давлатӣ сарафроз гардонид.

Аз 160 мукофоти давлатӣ ба як нафар унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”  тақдим гардид, ки ин насиби Толиб Карими Озарахш гардид.

Сомонаи “Padida” соҳиби унвони мазкур гардидани шоири дардсарои миллат Озарахшро таҳният мегӯяд ва дар корҳои оянда ба шоир барору комёбиҳои назаррасро таманно менамояд.  

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here