Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов кулли мухлисони хешро ба барномаи ҷадиди консертиаш даъват менамояд.

Овозхон бо нашри як навор дар саҳифаи фейсбукии “JM Company” ҳаводорони ҳунарашро ба барномаи консертиаш даъват намуда, аз онҳо хоҳиш кардааст, ки барояш гул тақдим накунанд.

“Ассалому алейкум, ҳамватанони азиз, мухлисони меҳрубонам. Худо хоҳад, бо хости Парвардигор рӯзи 16-ум рӯ ба рӯ мешавем. То расидани қувватам барои мухлисонам барномаи нав омода кардам. Фақат як илтимос, ба иззати нафси ягон кас нарасад. 60 сол мешавад, ки ман аз шумо гул мегирам, ман миннатдорам, назди шумо қарздорам. Лекин ду-се рӯз пас гул пажмурда мешаваду бароварда партофтан ба дилам дард мекунад. Китобу сабтҳои олиҷаноб баромадааст, ки ба пули ҳамон гул метавонед харида, дар хонаатон нигоҳ доред”.

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, баргузории консерти овозхон санаи 16-уми октябр, соати 16:10 дар толори Театри мусиқӣ-мазҳакаи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар назар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here