Арбоби ҳунари Тоҷикистон, композитор, профессор Ҷӯрахон Обидпур ва доктори илмҳои санъатшиносӣ, мусиқишинос Фирӯз Ӯлмасов ҷоизаи ба номи Борбадро соҳиб шуданд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Иттифоқи композиторони кишвар хабар медиҳад.

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем,Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар иртибот ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон” моҳи июни соли равон барои дарёфти ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ озмун эълон карда буд.

Тибқи хулосаи Комиссияи озмун ва қарори Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи Борбад композитор ва профессор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҷӯрахон Обидпур ва мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ Фирӯз Ӯлмасов дониста шуданд.

Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ соли 2004 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи муосир таъсис ёфтааст.

Ҷоизаи мазкур ба композиторону мусиқишиносон барои беҳтарин асарҳои академӣ, симфонӣ, камеравӣ, пажӯҳиши масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии санъати касбии миллӣ, ки дар ду соли охир эҷод гардидаанд, дода мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here