Ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик, Қурбони Собир шеъри “Модар фаришта буд”–и шоир Озар Салимро дар як навор хеле зебо қироат кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр зада истодааст.

Навор ва матни шеърро пешкаши Шумо мегардонем.

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт.
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавонию он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт.
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам
Рӯи лабаш ба ғайри “видоъ, эй писар” надошт.
Модар фаришта буд, пари худ кушоду рафт,
Аз бас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан, фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here