“…Ҳар шаб занги телефон як садои аҷибе дошт, аммо он шаби шум садои занги телефон куллан дигар буд, ваҳме ба дил оварда буд. Ҳангоме ки гӯшаки телефонро бардоштам, садои гиря буд, садои Муаззама набуд. Он гоҳ дарк намудам, ки Муаззама дигар байни мо ҳамқаламон нест, ӯ моро видоъ гуфтаву дигар садояшро намешунавем, навиштаҳояшро намехонем…”

Замоне ки ҳама ҷойро сардӣ фаро бигрифта буду шоҳзодаи фасли дай ба шиддат ҳукм меронд, маликаи гармӣ бо дурахши нурҳои хеш ба зиндагии мардуми русто гармиро ҳадя менамуд. Муаззама Аҳмадова зодаи деҳаи Қаълачаи Мазори шаҳри Исфара (20-уми феврали соли 1952) мебошад. Муаззама аз қабили занҳои эҷодкор буд. Ба монанди Робия, Маҳастӣ, Зебуниссо, вале ӯ дар адабиёти чандин асраи тоҷик аввалин зани нависанда ба ҳисоб мерафт. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд мебошад. Баъди хатми донишкада, Муаззама як муддат дар мактаби деҳааш аз фанни ҷуғрофия дарс гуфтааст. Меҳри сухан ва эҷод дар риштаи адабиёт, навиштани ҳикояву мақола Муаззамаро дар ибтидои солҳои 80-ум аз русто ба Душанбе меорад. Духтари эҷодкори боистеъдодро аввал ба сифати мухбири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва баъдан ба ҳайси мухбир дар маҷаллаи “Адабиёт ва Санъат” ба кор қабул мекунанд. Отахон Латифӣ ӯро ба “Адабиёт ва Санъат” мефиристад ва дар шӯъбаи адабиёт то дами марг фаъолият мекунад. Аввалин ҳикояҳояш дар рӯзномаҳои “Адабиёт ва Санъат”, “Комсомоли Тоҷикистон” маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Занони Тоҷикистон” нашр шудаанд.

Муаззама ногуфтаҳои зиёде дошт, чандин ҳикояву мақолаҳояш нокомил мондаанд. Ӯ дар авҷи парвози эҷодиаш ин зиндагиро падрӯд мегӯяд. Ҳикояҳои навиштаи ӯ аз қабили “Гули сари девор”, “Соҳиби аспи сафед”, “Афсонаи танҳоӣ”, “Келини шаҳрӣ” ва як чанд ҳикояҳову қиссаҳои нотамоми дигар мебошанд. Ӯ дар қиссаи “Гули сари девор” аз ба балоғат расидани духтарон қисса мекунад, ки чӣ гуна духтарак хобҳои ғалатӣ мебинаду бо сад орзуву ҳавас рӯймолча гулдӯзӣ карда, сари девор мегузорад, то касе аз ӯ пурсад, ки чӣ хобе дида. Аммо касе ба ӯ аҳамият намедоду танҳо мегуфтанд, ки духтари калон бояд садояш баланд набарояду кору бори хонаро биомӯзад. Боре касе аз хостаҳои ӯ намепурсид. Билохира, як субҳ вақте ки духтарак аз хоб бармехезад, ҷои рӯймолчаи гулдӯзӣ кардааш гулро мебинаду ба орзуяш мерасад. Ва ё дар қиссаи “Келини шаҳрӣ” бовар кардан ба инсонҳо ва ба қудрати муҳаббат боварӣ доштанро мегӯяд ба хонандаҳояш. Муаззама шеър ҳам мегуфт, гарчанде шеърҳои навиштаааш нуқсон доштанду аз ҷиҳати вазн дорои камбудиҳо буданд, вале самимӣ навишта мешуданд.

Абдулҳамид Самад мегӯд:

“Хотираҳо аз ӯ зиёданд. Ман ҳамагӣ ду сол дар рӯзномаи “Адабиёт ва Санъат” ба ҳайси муовини сармуҳаррир фаъолият доштам ва пасон ба кори дигар гузаштам, аммо бо Муаззама аз даврае ки ба “Адабиёт ва Санъат” ба кор омада буд  ва пеш аз он ки дар ҷои дигар фаъолият мекард, баъд аз он низ то охири умраш дӯст будему ҳамкорӣ менамудем. Мо бо ӯ дар бахши назм ошно гаштем. Ӯ зане буд, ки навиштаҳояш аз дигарон ба куллӣ фарқ мекард. Ҳамеша ором буд, маслиҳатгар ва дардшунави хубе буд”.

Фарзона бо ҳасрат чунин ёд меорад:

“Ҳар шаб бо ҳам телефонӣ сӯҳбат мекардем, роз мегуфтем, маслиҳатҳо медод. Охирин бор Нодирпурро бароям маслиҳат дод. Ҳар шаб занги телефон як садои аҷибе дошт, аммо он шаби шум садои занги телефон куллан дигар буд, ваҳме ба дил оварда буд. Ҳангоме ки гӯшаки телефонро бардоштам, садои гиря буд, садои Муаззама набуд. Он гоҳ дарк намудам, ки Муаззама дигар байни мо ҳамқаламон нест, ӯ моро видоъ гуфтаву дигар садояшро намешунавем, навиштаҳояшро намехонем. Дарки ин дард хеле сангин буд, то дер боз ба худ наомада будам. Аз даст додани як дӯст, як розшунав хеле сахт аст. Дар ҳоле ки пайдо намудани як дӯст, як дардшунав хеле душвор аст…”

Аз Муаззама ду ятиме монда, яке “Соҳиби аспи сафед” (соли 1986) дигаре, ки Талъат Нигорӣ комилу ҷамъовариаш намуда, ин “Афсонаи танҳоӣ” мебошад. Ин маҷмӯаҳо нишонае аз нависандаи нокомгашта дар массири зиндагӣ мебошанд. Ӯ хеле зуд бо ин зиндагиву наздиконаш ва бо ҳамқаламон видоъ гуфт. Баъди як муҳокимаи тезу тунди мақолаи Турдихонов, профессор Бердиева низ дар он ҷо иштирок доштаанд, ки моҷароҳои бештаре муҳокима гашта буданд. Ба ҷои кораш бармегардад ва дар утоқи кориаш бо ин зиндагӣ падрӯд мегӯяд. Муаззама гирифтори бемории “Саръ” будааст. Ҳангоме ки ҳамкасбон субҳ ба кор меоянд, ҷисми беҷони ӯро дар утоқи кориаш пайдо мекунанд, ки даҳшатеро бар дили ҳамкасбонаш меандозад. Ҷасади ӯро ба зодгоҳаш мефиристанд. Моҳи феврали соли 1988 хуршед ғуруб мекунад, зиндагӣ барои наздикони Муаззама торик мегардад.

Ёдат ба хайр, Муаззама!

Рафтӣ ҷавону сӯхт барои ту сад ҷавон,

Ошиқ ҷудову ҳамқадаму ҳамқалам ҷудо.

“Аспи сафед”-и ишқи ту, эй духтари адаб,

Дар синаҳои аҳли қалам мекунад, чаро?

Ҳамчун сутун тарошидаи рукни ҷумларо,

Бо тешаи хаёл чу устои Исфара.

Рангобаранг буд матои баёни ту,

Монанди он матои заминҳои Исфара.

Чидӣ ту аз замини сухан санги сактаро,

Чунон ки сангҳои заминро дар остин.

Мечинад исфарагиву аз халқи кӯҳ яке,

Қирғиз хамида мебарад аз дасти ӯ замин.

Рӯзе, ки бебаҳонаву бо сад баҳонае,

Дасти аҷал даричаи қалби туро бибаст.

Гуфтам ба худ, ки риштаи нуре бурида шуд,

Сандуқчаи тилоии ҳарфу ҳиҷо шикаста шуд.

Бозор Собир

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

1 шарҳ

  1. Касе, ки ин матлабро навиштааст, дар мавриди марги Муаззама тамоман дурӯғ гуфтааст. Марги ӯ бар асари тасмими сардабири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар боби чопи мақолаи С. Табаров дар ин нашрия буд. Асли рухдод ин аст:
    “Чаҳоруми феврали соли 1988. Субҳидам хабар ёфтам, ки дирӯз пас аз нисфирӯзӣ Муаззамаи Аҳмад пас аз фиристодани барқия ба идораи рӯзномаи “Правда” ва гуфтугӯи телефонӣ бо идораи ҳафтаномаи “Московские новости” дар рӯйи мизи кориаш аз олам чашм пӯшидааст. Гунаҳкорони асосии марги Муаззамаи ноком Аскари Ҳаким ва Хулькар Юсупов мебошанд. А. Ҳаким мехост мақолаи тавҳиномези Соҳиб Табаровро дар шумораи имрӯзи “Адабиёт ва санъат” чоп кунад. Марги Муаззама нашри мақолаи Соҳиб Табаровро муваққатан боздошт. Нашри номаи саргушодаи Х. Юсупов дар марги Муаззам бисёр таъсирбарангез ва як фоҷиа буд”. Мирбобои Мирраҳим. Падидаҳои худшиносӣ. 1999, саҳ. 126

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here