Дасти мунтахаби Тоҷикистон дар давраи гурӯҳии марҳилаи дуюми Ҷоми Ҷаҳон–2022 бо тими мунтахаби Қирғизистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Вохӯрӣ 5-уми сентябри соли ҷорӣ, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад.

Инчунин, Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Миянмар ва Муғулистон низ дидор анҷом хоҳад дод. Аз гурӯҳи панҷнафара танҳо ду тими беҳтарин ба давраи дигар роҳ хоҳанд ёфт.

Тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон 12 бор байни ҳам қувваозмоӣ намудаанд, ки дар ҳафт вохӯрӣ тими Тоҷикистон ғалаба кардааст. Ду вохӯрӣ бо мусовӣ ва сетои дигар ба манфиати тими Қирғизистон анҷом ёфтааст.

Мухлисони футболро барои тарафдорӣ аз тими миллии кишварамон даъват менамоем. Биёву Тоҷикистонро мухлисӣ намо! Шояд садои ту боис гардад, то Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ ёбад. Бетараф набошед!

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here