Шоми имрӯз узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва адабиётшиноси барҷастаи тоҷик Валӣ Самад дар синни 83-солагӣ даргузашт.

Ӯ муаллифи 15 рисола ва 350 мақола доир ба таърих ва паҳлӯҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек мебошад.

Валӣ Самад 20-уми январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом (1956) ва факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (1961) буда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти “Дониш”-и вилоят ва сипас ба сифати муаллими донишгоҳи мазкур фаъолият кардааст.

Соли 1964 вориди аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, курси асосиро дар шӯъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии Академияи илмҳои Озарбойҷон гузаронида, соли 1976 дар мавзӯи “Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX” рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Китобу рисолаҳои “Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX” (1975), “Пайвандҳои адабӣ–омили муҳими рушди адабиёт” (1976), “Тӯшаи ҳамдилӣ” (1989), “Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал” (1992), “Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” дар Қафқоз” (2000), “Дурахши як ахтари сӯзон” (2001-2013), “Бозгашт ба Ироншаҳр” (2003, дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва Чернишевский” (2004-2005), “Меҳрнома” (2007) аз дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад буда, рисолаи охир сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии “Китоби сол”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон (2005) гардидааст. Ҳамчунин, китоби мазкур дар “Озмуни дувуми байналхалқии давлатҳои муштаракулманофеъ дар боби фарҳанги китоб (2005) сазовори дипломи дараҷаи 3 гардида, соли 2012 ба хати форсӣ дар Теҳрон чоп шуд.

Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ (1989), узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон (1993), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994), узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон (2003), узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон (2003), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Рӯдакӣ”-и Эрон (2000) ва маҷаллаи “Адаб” (2001) мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here