Фахриддин Ҳакимов, сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар шоу барномаи “НУ-КА, ВСЕ ВМЕСТЕ!”-и телевизиони Русия иштирок намуда, қисми зиёди овозҳоро соҳиб шудааст.

Фахриддин 27 сол дошта, номзади устоди варзиш дар намуди муҳорибаҳои римӣ-юнонӣ мебошад. Вале бо сабаби ҷароҳат бардоштанаш дигар наметавонад ба варзиш машғул шавад.

“Албатта, мехоҳам Ватани худро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ намоям, вале мутаассифона пас аз ҷароҳат бардоштани сутунмӯҳраам варзишро як тараф гузошта, ба овозхонӣ машғул ҳастам. Мехоҳам сарояндаи машҳур бошам, то ки маро дар ҳама ҷо гӯш кунанд”,-гуфтааст Фахриддин Ҳакимов пеш аз сароидани сурудаш.

Фахриддин дар саҳна суруди “Леди дождя”-и овозхони рус Александр Панайотовро иҷро намуда, аз 100 холи имконпазир 91 холро соҳиб шуд ва кулли ҳунармандони русро дар ҳайрат гузошт.

Ӯ бо ин роҳ нишон додан мехоҳад, ки мардуми тоҷик на танҳо дар сохтмон кор карда метавонанд, балки аз ӯҳдаи дигар корҳо, аз ҷумла сурудхонӣ низ ба хубӣ мебароянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here