Дирӯз, 2-юми августи соли ҷорӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сафири Амрико Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар хабар медиҳад.

Вазири фарҳанги кишвар бо сафири фавқуллода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуд.

“Зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар аз он ҷумла, васеъ кардани доираи ҳамкориҳо дар соҳаҳои санъати театрӣ ва мусиқию рақс, ташкили чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ изҳори андеша намуданд”,-омадааст дар хабарнома.

Мулоқот дар фазои хушу хотирмон сурат гирифта, дар интиҳо вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм мусаввараи кундал тақдим намуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here