Овозхони эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева намоҳанги ҷадиду деринтизор ва гаронарзиши худро нашр кард.

Чуноне ки қаблан хабар дода будем, намоҳанг “Дилакам” унвон гирифта, дар шаҳри пуфакҳои ҳавоӣ-Каппадокияи Ҷумҳурии Туркия ба навор гирифта шудааст.

Аслан шеър ва оҳанг моли овозхони зиндаёд Аҳмад Зоҳир буда, Зулайхо Маҳмадшоева онро бо технологияи муосир коркард ва бозхонӣ кардааст.

Қаблан Раҷ Аҳмад, продюсери овозхон дар сӯҳбат бо сомонаи мо иброз намуда буд, ки дар омода намудани намоҳанг маблағи ниҳоят зиёд сарф шудааст.

“Чӣ қадар маблағ сарф шуд, бигзор махфӣ бимонад, вале ҳамин қадар гуфта метавонам, ки маблағи ниҳоят зиёд харҷ шудааст. Иҷораи мошин ва макони сабт, ороишоту сару либос ва дигар хароҷотҳоро ҳисоб кунем агар, ин хеле маблағи зиёд аст”.

Ҳоло “Дилакам”-ро дар канали “Panjsher media” дар шабакаи YouTube давоми 10 соати пахш гардиданаш наздики 20 ҳазор нафар тамошо карда, баҳои баланд додаанд.

Дар бандубасти тарона ва омода намудани намоҳанг саҳми Манижа Давлатова низ расидааст, зеро Зулайхо дар саҳифаи Инстаграми худ ба устодаш изҳори миннатдорӣ баён кардааст.

Ҳамчунин, пардозгари номии ӯзбек Лидия Андре, танзимгар Шароф Шакарӣ ва намоҳангсози эронитабори муқими Амрико Рамин Мансур дар сабти намоҳанг саҳми арзанда доранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here