Зафар Абдуалимов, овозхони ҷавони тоҷик намоҳанги суруди “Ман бо духтаре вохӯрдам” (“Я встретил девушку”)-ро ба навор гирифтааст. Намоҳанг 8-уми майи соли ҷорӣ дар канали “Azia-Plus TJ” дар шабакаи YouTube пахш гардидааст.

Наворбардории намоҳанги мазкур 3 рӯз дар шаҳрҳои Ҳисор ва Душанбе идома карда, танзим ва банду басти он 17 рӯз идома ёфтааст. Продюсерии намоҳангро бошад, Беҳрӯз Насриддинов, роҳбари студияи тақдимотии “Азия Плюс” ба ӯҳда доштааст.

Овозхон мегӯяд, ки вақте суруди мондагореро бозхонӣ мекунӣ, ҳама вақт эҳтимоли хуб пазируфта нашуданаш вуҷуд дорад. Ба ҳамин хотир ман пеши худ мақсад гузоштам, ки суруди “Я встретил девушку”-ро нуқта ба нуқта насароида, бо як тарзи нав ва эҳсоси баланд пешниҳод намоям ва муваффақ низ шудам, зеро мардум онро хуб қабул карданд.

“Бори аввал ман ин сурудро дар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав сароидам ва то ин дам сурудро паҳн накарда будам. Баъди баромад дар Маскав миёни ману намояндагони Озарбойҷон ва Русия баҳсе барангехт, ки ҳар кадоми онҳо сурудро моли кишвари худ мехонданд. Баъди ин ҳодиса ман ин сурудро паҳн кардам, то ҳама бидонад, ки “Я встретил девушку” моли тоҷикон аст”,-изҳор дошт Зафар Абдуалимов дар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida”.

Инчунин, овозхон қайд намуд, ки насли наврас ва қисми зиёди ҷавонони имрӯза аз таърихи ин суруд бохабар нестанд ва мақсади сароидан шиносонидани тарона аст.

Филми бадеии “Ман бо духтаре вохӯрдам” (“Я встретил девушку”) соли 1957 аз ҷониби студияи “Тоҷикфилм” дар таҳияи Рафаил Перелштейн рӯи навор омадааст. Шеърро Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода махсус барои филм эҷод карда, овозхони озарбойҷонӣ Рашид Бейбутов онро сароидааст ва дар филм бошад, аз забони Ҷаҳон Саидмуродов, иҷрокунандаи нақши асосӣ садо додааст. Оҳанг моли оҳангсози арманӣ Андрей Бабаев мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here