Зайнура Пӯлодова овозхони маъруфи тоҷик суруди “Ёри рафта”-ро аз эҷодиёти сарояндаи муваффақи кишвар Манижа Давлатова ба тарзи зинда бозхонӣ намуд.

Наворро худи Манижа Давлатова дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм нашр намуда навиштааст: Садоят хаста нашавад духтараки баэҳтиром. Ташаккур ҷонам.

Дар навор пеш аз оғози сароидани суруд Зайнура мегӯяд: Агар ба маъракае равам, он ҷо то ягон суруди Манижаи Давлатро бозхонӣ накунам ором намегирам.

Манижаи Давлат сарояндаи номии тоҷик мебошад, ки тайи 15 соли ахир хомӯшӣ ихтиёр кардааст. Ӯ хомӯшии хешро то ҳол шарҳ надодааст. Солҳои охир ӯ барои таронаҳои сарояндагони ҷавон оҳанг мебандад.

Яке аз сарояндагони ҷавони муваффақи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева худро дастпарвари Манижаи Давлат медонад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here