Филми коргардони машҳур, Квентин Тарантино 24-уми июли соли 2019 пешкаши ҳаводорони синамо хоҳад гашт. Дар ин бора сомонаи “КиноПоиск” иттилоъ додааст.

Филм оиди воқеоти соли 1969 дар Ҳолливуд, ки он вақт дар авҷи дугаргуншавӣ буд, нақл мекунад. Наворбардории филми мазкур аз 18-уми июн то 1-уми ноябри соли 2018 идома ёфта буд.

Аз рӯи сюжет ҳунарпешаи шинохтаи телевизион Рик Далтон ва дублёри ӯ Клифф Бут барои ҷои худро ёфтан дар дунёи Ҳолливуд талошҳои беандоза меварзанд.

Филм дар жанри драма ва мазҳака таҳия шудааст. Продюсерони филм Уилям Пол Кларк, Девид Хейман ва Ҷорҷия Касандес мебошанд. Дар нақшҳои асосӣ Леонардо Ди Каприо дар нақши Рик Далтон, Брэд Питт дар нақши Клифф Бут ва Марго Робби дар нақши Шэрон Тэйт ҳунарнамоӣ кардаанд.

Дар Русия филми мазкур 8-уми августи соли равон ба намоиш гузошта мешавад. Ҳоло маълум нест, ки филми “Замоне… дар Ҳолливуд” кай ба Тоҷикистон меояд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here