Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моҳи августи имсол озмуни ҳунар ва зебоии “Зебосанам-2019” баргузор мегардад.

Озмуни мазкур аз ҷониби толори ҷавоҳироти “Тоҷик Кристалл” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама минтақаҳои кишвар баргузор карда мешавад.

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, баргузории даври аввали озмун имрӯз, 6-уми август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз гузаронидани озмун эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ, интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебои табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ бо риояи вақти муқарраргардида доир мегардад.

Тибқи нишондодҳои оморӣ қисмати зиёди ҷомеаи Тоҷикистонро насли ҷавон ва хусусан, ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Дар ҳамин радиф, бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавондухтарон ва болидахотирии онҳо пайваста озмунҳои гуногуни маърифатӣ-зеҳнӣ ташкил карда мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here