Модели машҳури сербиягӣ Дияна Милойкович дар синни 33-солагӣ баъди 6 соли мубориза бар зидди бемории саратон аз олам даргузашт.

Дар ин бора ҳафтаномаи бритонии “Daily Mirror” иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Дияна аз бемории саратони бачадон ранҷ мебурд ва табобатро 6 сол қабл, замони 27 сола буданаш шурӯъ карда буд.

Ҳоло саҳифаи ин зебосанамро аз шабакаи Инстаграм ҳифз кардаанд, ки ӯ он ҷо дар бораи худу беморияш маълумоти зиёдро нашр карда буд.

Чанд ҳафта қабл ҳоли Дияна якбора бад шуда, табибон дар ҷустуҷӯи хуни ба ӯ мувофиқ афтода буданд. Мутаассифона, табобати дуру дароз ба ӯ фоида накард ва санаи 22-юми июл аз олам чашм пӯшид.

Дияна Милойкович соли 2009 ғолиби озмуни “Зебосанами Сербия” ва соли 2014 ғолиби озмуни “Зебосанами Аврупо” будааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here