Ҷереми Микс, модели амрикоӣ ва собиқ ҷинояткор дар қатори дурахшонтарин ситораҳои синамои Ҳолливуд, моделҳо ва чеҳраҳои шинохтаи Аврупову Осиё ба роҳрави сурхи Фестивали филмҳои Канн 2019 қадам гузошт.

Ҷереми унвони “Зеботарин ҷинояткори сайёра”-ро бо шарофати шабакаҳои иҷтимоӣ соҳиб гардида, баъди озод шуданаш аз зиндон ба фаъолияти моделии худ идома бахшид. Ин навбат Ҷеремии 35-сола на бо модари писарчааш Хлоя Грин, балки бо ҳампешаи худ Андреа Сасу ба роҳрави сурхи фестивал қадам гузошт.

Чанд сол қабл Ҷеремиро барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа дар зиндони Калифорния ҳабс карда буданд. Пас аз адои ҷазои ҷиноӣ акнун ӯ чеҳраи машҳуртарин брендҳои ҷаҳонӣ, меҳмони махсуси чорабиниву шабнишиниҳо ва шавҳари доротарин меросхӯри сайёра (Хлоя Грин духтари соҳибкори бритонӣ Филипп Грин) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 72-юм Фестивали филмҳои Канн 2019 санаи 14-уми май дар Қасри фестивал ва конгрессҳои шаҳри Канни Фаронса оғоз гардида, то санаи 25-уми майи соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Ин Фестивал ҳамасола доир гардида, шинохтатарин чеҳраҳои синамои ҷаҳониро ба ҳам меорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here